БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАЪРАКАИ СИЁСӢ САҲМИ ҲАР ЯКИ МО МУҲИМ АСТ!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Коммуналӣ»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур хониши сиёсӣ ва ҳамзамон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор   шуд.

Дар мулоқот раиси ташкилоти ибтидоӣ доир ба фаъолияти ташкилот дар зарфи 2,5 сол ҳисобот дод. Аъзо  раиси ташкилоти ибтидоиро аз нав интихоб карда,   вакилро ба Конференсияи 13-уми ноҳиявӣ пешбарӣ карданд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  аз ҷумла омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии  вакилони халқ, ки масъулияти  ҷиддиро талаб мекунад баррасӣ шуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg