Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Коммуналӣ»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур хониши сиёсӣ ва ҳамзамон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуд.
Дар мулоқот раиси ташкилоти ибтидоӣ доир ба фаъолияти ташкилот дар зарфи 2,5 сол ҳисобот дод. Аъзо раиси ташкилоти ибтидоиро аз нав интихоб карда, вакилро ба Конференсияи 13-уми ноҳиявӣ пешбарӣ карданд.
Инчунин, дар идомаи суҳбат самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки масъулияти ҷиддиро талаб мекунад баррасӣ шуданд.