БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ НЕРУИ БАРҚ БА МАНФИАТИ МОСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ба бахти миллати тоҷик, ки ҳазорсолаҳо ранҷи зулмоту торикиро дар ҳаёти худ таҷриба намудаву дар орзуи чунин қаҳрамонҳо афсонасозӣ мекард, ниҳоят ин ормонаш ба воқеият табдил ёфту ба мақсадаш расид.

Оид ба ин мавзӯъ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хуррам”-и Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ   хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Масъулини КИ ноҳиявии ҲХДТ  дар бораи сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат дар рушди кишвар, ба кор андохтани агрегати дуюми НБО-и Роғун ҳамчун ҳадафи стратегии миллӣ андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки истифодабарандагон  ва тамоми сокинонро зарур аст барои кам кардани талафоти нерӯи барқ, истифодаи сарфакоронаи он, аз технологияи каммасраф кор баранд. Дар ин самт мо метавонем дар се соли оянда ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил гардем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg