НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Обтаъминкунӣ» хониши сиёсӣ ва Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” доир гардид.
Дар аксия бо дастгирии ташкилоти ибтидоии мазкур ба суратҳисоби ятимони кулл дар шаҳри Норак ба маблағи 500 сомонӣ кумак карда шуд.
Баромадкунандагон дар қисмати сиёсии чорабинӣ зикр доштанд, ки пас аз ироаи Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ масъулиятнокии сокинон нисбат ба пешрафту шукуфоии Ватан дучанд гардида, корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳар гӯшаву канори шаҳр бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ рӯз то рӯз вусъати тоза пайдо кардаст.