БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ СОКИНОНРО БА МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ ВОДОР НАМУДАСТ

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Обтаъминкунӣ» хониши сиёсӣ ва  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  доир гардид.

Дар аксия бо дастгирии ташкилоти ибтидоии мазкур ба суратҳисоби ятимони кулл дар шаҳри Норак ба маблағи 500 сомонӣ кумак карда шуд. 

Баромадкунандагон дар қисмати сиёсии чорабинӣ зикр доштанд, ки  пас аз ироаи Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ  масъулиятнокии  сокинон нисбат ба пешрафту шукуфоии Ватан дучанд гардида,  корҳои  созандагиву бунёдкорӣ дар ҳар гӯшаву канори шаҳр бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ   рӯз то рӯз вусъати тоза пайдо кардаст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg