БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДГАРИ МИЛЛАТУ МЕҲАН БОШЕМ!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Порвори Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»   гузаронида шуд.

Дар доираи аксия   аз ҷониби падару модарон ва омӯзгорону фаъолони ҳизб барои таъмири синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и деҳа як миқдор масолеҳи таъмирӣ  харидорӣ карда шудааст.

Дар қисмати сиёсии чорабинӣ намояндагони ҳизб атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва сиёсати беруниву дохилии кишвар фикру андешаҳои хешро  баён дошта, сокинонро  барои дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои волои он  ҳидоят намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg