ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Ҷиҳати ба дарки сокинон расонидани моҳияти ҳадафҳои барномавии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Коммунизм»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб вохӯрӣ баргузор гардида, дар он масъулини ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла гуфта шуд, ки кушода шудани чархаи дуюми НБО-и Роғун барои мардуми тоҷик шарафи бузург ҷиҳати наздик шудан ба истиқлолияти пурраи энерегетикӣ мебошад.
Аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки дар истифодаи самараноки нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он бояд масъулияти баланд дошта бошем.
Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифт.