БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИРОДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МОРО БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ НАЗДИК ОВАРД

 ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

Ҷиҳати ба дарки сокинон расонидани моҳияти ҳадафҳои барномавии ҲХДТ  дар ташкилоти ибтидоии «Коммунизм»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин  Айнии ноҳияи Хуросон оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб вохӯрӣ баргузор гардида, дар он масъулини  ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки кушода шудани чархаи дуюми НБО-и Роғун барои мардуми тоҷик шарафи бузург ҷиҳати наздик шудан ба истиқлолияти пурраи энерегетикӣ мебошад.  

Аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки дар истифодаи самараноки нерӯи барқ ва пардохти саривақтии  маблағи он  бояд масъулияти баланд  дошта бошем.

Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg