ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии «Гулобод-1»-и Ҷамоати деҳоти “Нури ваҳдат” ҷиҳати шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохўрӣ доир гардид.
Масъулон иброз доштанд, ки терроризму экстремизм зуҳуроти нангин буда ба истиқлолияти давлат, тинҷиву осоиштагии кишвар хатари бузург дорад. Хурофотпарастӣ ва таассуби динӣ бошад ба маънавиёти ҷомеа таъсир манфии худро мерасонад.
Дар идома бо роҳандозии Аксияи тарғиботӣ- амалии «Якҷоя ҳал мекунем!» аз тарафи раиси ташкилоти ибтидоии “Гулобод -1” ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 ба маблағи 350 сомонӣ китобҳои дарсӣ харидорӣ гашта ба хонандагон супорида шуд.