БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ФАРЗАНДОНАМОН ШАРОИТИ МУСОИДИ ТАҲСИЛРО ФАРОҲАМ МЕСОЗЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”.                  Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии «Гулобод-1»-и Ҷамоати деҳоти “Нури ваҳдат” ҷиҳати шарҳу тавзеҳи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохўрӣ доир гардид.

   Масъулон иброз доштанд, ки терроризму экстремизм зуҳуроти нангин буда ба истиқлолияти давлат, тинҷиву осоиштагии кишвар хатари бузург дорад. Хурофотпарастӣ ва таассуби динӣ бошад ба  маънавиёти ҷомеа таъсир манфии худро мерасонад.  

   Дар идома бо роҳандозии Аксияи тарғиботӣ- амалии «Якҷоя ҳал мекунем!» аз тарафи раиси ташкилоти ибтидоии “Гулобод -1” ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35  ба маблағи  350 сомонӣ китобҳои дарсӣ харидорӣ гашта ба хонандагон супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg