БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЛОШИ МО БАРОИ ОБОДИИ ДИЁР АСТ!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Раҳмонободи Ҷамоати деҳоти Чагам оид ба фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ анҷом доданд.

   Дар ҳамоиш масъулини ҳизбӣ атрофи рушду тараққиёти Ватан, расидан ба қадри заҳматҳои беназири Роҳбари давлат дар пешрафту ободии меҳан, кушодашавии агрегати НБО-и Роғун, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ карда, ҳамагонро ба меҳнати софдилона барои халқу Ватан ҳидоят намуданд.  

   Дар қисмати  амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон   дастаҷамъона ба ҳашари умумӣ баромада, як қатор корҳои ободониро ба сомон расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg