
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Раҳмонободи Ҷамоати деҳоти Чагам оид ба фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар ҳамоиш масъулини ҳизбӣ атрофи рушду тараққиёти Ватан, расидан ба қадри заҳматҳои беназири Роҳбари давлат дар пешрафту ободии меҳан, кушодашавии агрегати НБО-и Роғун, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ карда, ҳамагонро ба меҳнати софдилона барои халқу Ватан ҳидоят намуданд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон дастаҷамъона ба ҳашари умумӣ баромада, як қатор корҳои ободониро ба сомон расониданд.