
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Мактаб-Интернат»-и Ҷамоати деҳоти Саричашма вохӯрӣ доир карда шуд.
Суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари ташкилотҳои террористӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ карда шуда, иштирокдорон ба корҳои созанда ҳидоят карда шуданд.
Баъдан дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» як қатор корҳои ободонӣ ба хотири Истиқлолияти давлатӣ анҷом дода шуданд.