БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!” БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Мактаб-Интернат»-и Ҷамоати деҳоти Саричашма вохӯрӣ доир карда шуд.

Суҳбат атрофи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ,  огоҳонидани  сокинон аз паёмадҳои хатаровари ташкилотҳои террористӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан  муҳим баррасӣ карда шуда, иштирокдорон ба корҳои созанда ҳидоят  карда шуданд.

Баъдан дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» як қатор корҳои ободонӣ ба хотири  Истиқлолияти давлатӣ  анҷом дода шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg