
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи №1”-и деҳаи Айвоҷи ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ бо иштироки намояндагони ҳизбӣ баргузор гардид.
Масъулин дар назди ҳамагон дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, пешгирии касалиҳои сироятӣ ба монанди ВНМО, сил, гепотит, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни хусусияти террористӣ-экстремистидошта суҳбат намуданд.
Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии мазкур баргузор гардида, ёрии тиббӣ дар хона ба шахсони маъюбу бепарастор ва собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҷӯраев Тӯраи 95 сола расонида шуд.