БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ШАХСОНИ ЭҲТИЁҶМАНД ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЁРИИ ТИББИИ РОЙГОН РАСОНИДА ШУД

ШАҲРИТУЗ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи №1”-и  деҳаи Айвоҷи ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ бо иштироки  намояндагони ҳизбӣ  баргузор гардид.

Масъулин дар назди ҳамагон дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, пешгирии касалиҳои сироятӣ ба монанди ВНМО, сил, гепотит, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни хусусияти террористӣ-экстремистидошта суҳбат намуданд.

Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии мазкур баргузор гардида,   ёрии тиббӣ дар хона ба шахсони маъюбу бепарастор ва собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ҷӯраев Тӯраи 95 сола расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg