КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии “Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” - и ноҳия вохӯрӣ баргузор шуд.
Дар ҳамоиш масъулин оид самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, моҳияти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳарф зада, иштирокдоронро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, расидан ба қадри хизматҳои беназири Пешвои миллат дар рушду нумуи кишвар раҳнамоӣ намуданд.
Инчунин, қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар як даврони ҳассоси таърихӣ таъсис ёфта, ҳадафаш аз рӯзҳои аввал таъмини рушди босуботи сиёсӣ, зиндагии осоиштаи халқ ва пеш аз ҳама, ваҳдату ягонагӣ мебошад.
Дар охир барои амалӣ намудани Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба ду нафар шахсони ниёзманд, Раҳмонова Заррагул ва Бобоева Саломат кӯмаки молиявӣ расонида шуд.