БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ РУШДИ БОСУБОТИ СИЁСӢ ВА ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТАИ СОКИНОН

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии “Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ”  - и ноҳия вохӯрӣ баргузор шуд.

Дар ҳамоиш масъулин оид самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, моҳияти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳарф зада, иштирокдоронро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, расидан ба қадри хизматҳои беназири Пешвои миллат дар рушду нумуи кишвар раҳнамоӣ намуданд.

Инчунин, қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар як даврони ҳассоси таърихӣ таъсис ёфта, ҳадафаш аз рӯзҳои аввал таъмини рушди босуботи сиёсӣ, зиндагии осоиштаи халқ ва пеш аз ҳама, ваҳдату ягонагӣ мебошад.

Дар охир барои  амалӣ намудани Аксияи  ҳизбии  “Якҷоя ҳал мекунем!”  ба ду нафар шахсони ниёзманд,  Раҳмонова Заррагул ва Бобоева Саломат кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg