БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАКТАБ БОРГОҲИ ИЛМУ ИРФОН ВА ДАРГОҲИ МУҚАДДАС АСТ!

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Таҳти ин шиор  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  дар деҳаи ба номи Абулқосим Лоҳутии ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл  бо сокинон  суҳбату вохӯрӣ  доир намуданд.

Дар рафти вохӯрии мазкур масъулин атрофи сиёсати маорифпарварони  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ки тамоми  соҳаҳои   ҳаётан муҳимро дар бар мегирад, андешаронӣ карда, аз ҳамагон ҷиҳати  татбиқи сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати кишвар ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват ба амал оварданд.  Иштирокдорон аз ин ҳамоиши доиргардида  руҳбаланд  шуда, Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро дастигирӣ намуданд.

Дар рафти Аксияи ҳизбӣ барои таъмири муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6ғи деҳа  масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимоти мактабӣ  харидорӣ ва кӯмак  расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg