
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Таҳти ин шиор кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар деҳаи ба номи Абулқосим Лоҳутии ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл бо сокинон суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.
Дар рафти вохӯрии мазкур масъулин атрофи сиёсати маорифпарварони Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ки тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимро дар бар мегирад, андешаронӣ карда, аз ҳамагон ҷиҳати татбиқи сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати кишвар ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват ба амал оварданд. Иштирокдорон аз ин ҳамоиши доиргардида руҳбаланд шуда, Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро дастигирӣ намуданд.
Дар рафти Аксияи ҳизбӣ барои таъмири муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6ғи деҳа масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимоти мактабӣ харидорӣ ва кӯмак расонида шуд.