Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода 6-уми сентябри соли 1977 дар ноҳияи Вахш таваллуд шудааст. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав (имрӯза Донишгоҳи давлатии Бохтар)-ро бо ихтисоси омӯзгори фанни математика хатм мекунад. Фаъолияти меҳнатияшро аз соли 1999 то 2000-ум ба ҳайси ассистенти кафедраи алгебра ва геометрияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав (имрӯза ДДБ) оғоз кардааст.


















