БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ СОҲАИ ВАРЗИШ ДАР РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН

ВАХШ.  Бахшида ба Рӯзи варзишгарон мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Салимова С, дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи Иттифоки касабаи кормандони маорифи ноҳияи Вахш Негматов А, ба аёдати собиқадори варзиши ноҳия Ҳоҷиев Баҳромҷон рафтанд.

ВАРЗИШ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ!

ВАХШ. Мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбӣ барои дарёфти «Ҷоми ҲХДТ» бо маром идома дорад. 

МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ҲХДТ”

ВАХШ.  Бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, мусобиқаи варзиши хурд байни дастаҳои ғайрикасбӣ  барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” дар ноҳияи Вахш, дар байни деҳаву маҳаллаҳои баргузор гардида  истодааст.

СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МОСТ!

ВАХШ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Бешбулоқ»-и ҷамоати деҳоти Машъал бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” роҳҳои ҳудуди деҳа сангфарш карда шуд.

ИСТИҚЛОЛИЯТ ГАВҲАРИ БЕБАҲОСТ

ВАХШ. Чи тавре огаҳӣ дорем, имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бахшида ба 30-юмин солагарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва маърифатӣ гузаронида истодааст. Чунин чорабинӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56, Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи  “Истиқлолияти давлатӣ дар рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ” баргузор гардид.

СОКИНОН БО ОБИ ОШОМИДАНӢ ТАЪМИН МЕГАРДАНД

Ҷ. БАЛХӢ. Дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солоагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия омодагиҳо, корҳои созандагӣ ҷараён дошта,  ин навбат бо мақсади бо оби ошомиданӣ таъмин намудани сокинони маҳаллаи “Маҳмуд Бобоҷонов”, ташкилоти ҳизбии “Зарафшон” насб кардани қубурҳои обгузар бо фарогирии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор гардида истодааст.

МУЛОҚОТ БО МУҲОҶИРОН

Ҷ.БАЛХӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хадамоти муҳоҷирати меҳнатии ноҳия вохӯрии судманд бо муҳоҷирони  Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳия баргузор гардид.

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ТАЪРИХ БАРОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

АНДЕША. 30- сол қабл   кишвари тоҷикон мустақилияти худро дарёфт. Ҳанўз аз рўзҳои аввали ба дастоварии  истиқлолияти хеш дар асоси Конститутсия раванди давлатдориро ба роҳ монд. Вале чӣ гуна?

ИСТИҚЛОЛИЯТ ПУРАРЗИШТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТ

А.ҶОМӢ.  Дар маҳаллаи  "Саъдӣ"-и ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимзода, раиси ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ Абдураҳим Амонзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Саидҷон Муминов бо аъзову ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии «Саъдӣ»  вохӯриву суҳбатҳои судманд  доир гардид.

ДАСТАИ «ЧАШМАСОР» БАРАНДАИ ҶОМИ ҲХДТ

А. ҶОМӢ. Бо ибтикори  КИМ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи “Рушди футбол дар деҳаҳо барои солҳои 2021–2024” имрӯзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи кишвар мусобиқаи футболи хурд байни бозингарони ғайрикасбӣ барои ба даст овардани Ҷоми ҲХДТ бо маром идома дорад.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg