БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ТАЪРИХ БАРОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

АНДЕША. 30- сол қабл   кишвари тоҷикон мустақилияти худро дарёфт. Ҳанўз аз рўзҳои аввали ба дастоварии  истиқлолияти хеш дар асоси Конститутсия раванди давлатдориро ба роҳ монд. Вале чӣ гуна?

Ин суол ва посухи он бевосита ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сахт марбут  аст. Маҳз бо масъулияти баланд ва сиёсати хирадмандонаи  Пешвои муаззами миллат тоҷикон бори дигар ба аҳли башар собит намуданд, ки миллати тамаддунсоз  ва фарҳангпарвар мебошанд, чун соҳиб гаштан ба истиқлолияти давлатӣ  ва доштани фазои орому осуда дар кишвар орзуву мароми халқҳо ва миллатҳои ҷаҳон буд ва мемонад. Дар натиҷаи фаъолияти ҷиддӣ ва бисёрҷонибаи Сарвари давлат, давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудрати давлатдории миллии мо эҳё ва барқарор гашт, миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсию фарҳангӣ эҳё  ва ҳифз гардид. Дар ин раванд сохти  давлатӣ ва самти  сиёсии давлатдории тоҷикон  дар замони муосир  мушаххас  шуд,  соҳаҳои асосии  хоҷагии халқи мамалакат барқарор гашт ва ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол  ҷойгоҳи  устувори  худро дар арсаи байналмилалӣ насб намуд.

Имрӯзҳо  мардуми  шарафманди  меҳмоннавози  ноҳияи Ёвон  дар  қатори  дигар  сокинони  кишвари азизамон ҷашни бузургу таърихии миллӣ- 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ифтихори баланду ҳисси ватандӯстона истиқбол гирифта истодаанд.

Истиқлолият барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бузургтарин неъмати  дунё  сулҳ, оромию  осоиштагӣ  ба мардуми тоҷик  дар як муддати кӯтоҳ оварда расониданд.

          Ҷашни бузурги истиқлол муборак!             

Раҳмонова Маҳбуба,  мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg