БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ АСОСИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТИСТ

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ҳудуди деҳаи Наизираки Ҷамоати Деҳоти Дуконии шаҳр бо усули «хона ба хона» ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории СОVID-19 ва самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин бо сокинон суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

ТАШНАРО ЯК ҚАТРА ОБ АЗ ГАНҶИ ДУНЁ БЕҲТАР АСТ...

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Муъминобод ва саҳми сокинону фаъолони ҲХДТ, шахсони саховатпешаи кӯчаи Ваҳдати миллии  Ҷамоати шаҳраки Муъминобод бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатти оби нӯшоки кашида шуда, сокинони маҳаллаи навбунёд бо оби тозаи ошомидань таъмин гардиданд.

ИҚДОМҲОИ ФАЪОЛОНИ ҲХДТ НАЗАРРАС АСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати иҷрои корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ, вусъатбахшии рафти кишти такрорӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шаҳри Левакант дар деҳаи Хуррамдеҳи Ҷамоати деҳоти Гулистон бо усули “хона ба хона” ва рӯ ба рӯ бо истиқоматкунандагон вохӯрӣ д

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк” доир гардид.  

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИИ ЗАМИН БА МАНФИАТИ КОР АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба оқилона истифода бурдани қитъаи замин ва пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вохӯриҳо дар маҳаллаҳои  Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Кӯлоб доир намуда истодаанд.

БЕЗАРАРГАРДОНИИ КӮЧАЮ МАҲАЛАҲОИ ШАҲРИ КӮЛОБ

КӮЛОБ. Дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби  аъзоёни фаъоли ҲХДТ ва шахсони саховатпеша дар ҳамбастагӣ бо маркази МНДСЭ-шаҳрӣ бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии Коронавирус  чораҳои зарурӣ  андешида шуда истодаанд.

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ СИТОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС ВА РАВАНДИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ МИЁНИ АҲОЛӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Таҳти раёсати муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, муовинони раиси шаҳри Кӯлоб Одилзода Дилбар, Ҳамидиён Орзу ва дигар масъулини шаҳри Кӯлоб дар саҳни Қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус баргузор гардид.

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли бемории сироятии коронавирус СOVID-19 кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар роҳравҳову истгоҳ ва хонаҳои истиқоматии маҳаллаи Чапаеви шаҳри Кӯлоб корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ монда, ба шаҳрвандон а

САЛОМАТИИ МО ДАР ДАСТИ ХУДИ МОСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҳамарӯза бо сокинон корҳои  фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд. 

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО СОКИНОН СУДМАНД БУД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастагӣ бо бахши ҷавонон варзиши шаҳри Кӯлоб мунтазам барои пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус дар ҳамаи маҳаллаҳо ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳо ва роҳравҳои маркази шаҳри Кӯлоб Аксияи ҳизбӣ бо усули "даст ба даст" гузаронида шуд.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg