БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШКИЛИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БАҲРИ ОБОДИИ МАҲАЛ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён” вохӯрии намояндагони ҳизбӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир карда шуд.

Масъулин оид ба мафҳум ва моҳияти экстремизм ва терроризм сухан намуда, қайд кард, ки дар бораи пайдоиш ва моҳияти “терроризм” дар олами имрӯза масъалаи мубориза бар зидди  терроризм  ба яке аз масъалаҳои муҳим тадбил ёфтааст. Дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи мураккабу масъуле дар боби дарки амиқ, фаҳми тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризм истодааст.

Қайд карда шуд, ки терроризм яке аз шаклҳои мураккабтарини зуҳуроти экстремизм буда, дар инкишофи инсоният ҳодисаи нав нест. Ҳанӯз аз замонҳои қадим рӯ овардани қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ки барои ҳокимият талош доштанд, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои  гуногун террорро ҳамчун воситаи самаранок барои расидан ба ҳадафҳои худ медонистанд ва барои расидани ҳадафҳои ғаразноки худ аз ҳар усулҳои мавҷудбуда самаранок истифода бурда, бештар ҷавононро ба доираи худ ҷалб менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg