БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон муҳофизи дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар ва пайравони воқеии Пешвои миллат мебошанд!

ЁВОН. Тибқи барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 10 майи соли 2018, таҳти № 9 оид ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон нақша- чорабиниҳо таҳрезӣ гардида, чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ, солимию варзишӣ, конфронсу мизҳои мудаввар баргузор гардида истодааст.

Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол Ватани маҳбуби ҳамаи мо!

ДАНҒАРА. Вохӯрии раиси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳияи Данғара  Каримов  Пирмаҳмад  ва  кормандони  масъули Кумитаи иҷроия дар деҳаи  Гулободи ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара  баргузор  гардид.

Калонсолон дар тарбияи ҷавонон масъулияти аввалиндараҷа доранд

ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Неъматов Азизулло дар ташкилоти ибтидоии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» ҷамъомад доир карда шуд.

Дастгирии ниёзмандон вазифаи имониву виҷдонии ҳар яки мост

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кӯмакрасон» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Раҷабализода Парвиз ва Қаҳҳоров Искандар доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла анҷоми амалҳои хайру савоб дар арафаи иду ҷашнҳо ба ятимону бепарасторон вохӯрӣ доир гашт.

Сокинон аз муҳтавои суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли ҷомеаи кишвар рӯҳбаланд гардидаанд

ШАҲРИТУЗ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи ичроияи ХХДТ дар вилояти Хатлон Шомуродзода Саидаъзам, Ғафурзода Давлатҷон, Расулов Толиб ва Дилафрӯзи Абдулло дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Шаҳритуз дар  ҷамоати деҳоти ба номи  Х. Холматов бо аҳли ҷамоатчигӣ  вохӯрӣ баргузор гардида,  ҳамзамон дар маҳаллаи Чоршанбе ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи "Рафоқат " таъсис дода шуд.

Мардум интизори мулоқоту суҳбатҳои судманданд мебошанд

ХОВАЛИНГ. Сокинони деҳаи Дараи Мухтори ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг  ба ҷамъомади ҳизби бо масъулият омода буданд. Онҳо хеле бодиққатона ва бо таваҷҷуҳ баромади раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Сафар Халилов ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Амирзода Аловуддинро шуниданд.

Суҳбат астрофи оқибатҳои ногувору нангини амалҳои коррупсионӣ миёни кормандони соҳаи тандурустӣ

КӮЛОБ. Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва амалҳои коррупсионӣ аз самтҳои муҳимми фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- ҳизби раҳнамо ва раҳкушои миллат

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён оид ба баррасии муҳтавои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар, ки рӯзи 12 майи соли ҷорӣ доир гардид,   дар боғи хоҷагии деҳқонии “Муҳаммадалӣ”-и ҷамоати деҳоти Заркамар бо сокинон вохӯрӣ доир карда шуд.

Наҳзатиҳои лаънатӣ ва гумроҳони Гуруҳи 24 ҳашароти зараррасонанд

ВОКУНИШ. Устоди бузурги мо тоҷикон ва яке аз шахсиятҳои барҷастаи миллати мо Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и бузурги худ таъкид намудааст, ки мисли Рустами Дастон ва Коваи оҳангари диловар Ватану миллати хешро дӯст доред ва барои ҳимояи ҳар ваҷаб хоки он ҳамеша омода бошед.

Истифодаи нодурусти технологияи нави электронӣ хатар дорад!

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг»  дар мавзӯъи пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  Фарҳод Обидов, мутахассиси шуъбаи Кумитаи иҷроияи Насимахон Ғафурова маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg