АНДЕША. Парчам дар таърих ҳамчун қувваи пешбаранда ва руҳбаландкунандаи лашкар дар ҷангҳои байни империяҳо ва давлатҳо хизмат мекард. Дар таърихи давлатории ҳамаи ҳалкҳои рӯи замин ҳамчун рамзи зиндагӣ мавқеи хосса дорад, зеро он нишонаи таъриху фарҳанги мардуми кишвар ба ҳисоб меравад. Парчами ҳар як давлат таърихи худро дорад ва он бо саҳифаҳои гуногуни он халқу миллат алоқаманд аст.