ВОКУНИШ. Рӯзи 1- уми марти соли равон дар саросари кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар асоси принсипҳои демократӣ интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллӣ басо озоду шафоф баргузор гардид. Мардум бо як эҳсосоти воло ва ҳисси ватандӯстӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуда, райъи худро ба номзадҳои арзанда озод ва бе ягон фишору таъсиррасонии беруна доданд.