БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТИ СИПАРИГАРДИДА ДАР ТОҶИКИСТОН ТАНТАНАИ НАВБАТИИ ДЕМОКРАТИЯ ДАР КИШВАР

ВОКУНИШ. Рӯзи 1- уми марти соли равон дар саросари кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар асоси принсипҳои демократӣ интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллӣ басо озоду шафоф баргузор гардид. Мардум бо як эҳсосоти воло ва ҳисси ватандӯстӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуда, райъи худро ба номзадҳои арзанда озод ва бе ягон фишору таъсиррасонии беруна доданд. Банда дар чандин интихоботҳо иштирок намудааст, лек фаъолнокию оммавияти мардуми шарифи кишваро бори аввал дар ин сатҳ мебинад.

Аммо мутаасифона то ҳол ҳастанд шахсиятҳое, ки берун аз марзи кишвар дастовардҳои ин мардуми шарафманд ва меҳнатқаринро дидан намехоҳанд. Бо андешаҳои муғризонаи худ мафкураи мардумро ноҷур сохта вазъи бисёр созгори меҳанро халалдор кардан мехоҳанд. “Ахборком”-ро мавриди истифодаи мақсадҳои ғаразнокашон қарор медиҳанд ва бо овардани факту далелҳои комилан дуруғу беасос, бобати натиҷаҳои интихобот, тантанаи демократияро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зери суол гузоштани мешаванд.

Дар ин росто гуфтанием, ки имрӯз мардуми кишвар хубро аз бад ва сиёҳро аз сафед куллан фарқ мекунанд ва дар мавқеъи сиёсӣ ва иродаи хеш комилан устуворанд ва ба ҳар мақолаҳои туҳматомезонаю шиорпартоиҳои ба ном “ватанпарварона”-и онҳо заррае эътимоду бовари надоранд. Мо ҷонибдорони сулҳу суботи саросари кишвар ин ақидаҳои муғризонаи эшонро маҳкум намуда, азму талош мекунем, ки мардум бо мақсаду мароми шуми онҳо сарфаҳм рафта ва хиради солимро барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон равона созанд.

 

Раиси Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

Файзизода.К.Н.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg