ХОВАЛИНГ.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Садбаргҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ гузаронида шуд, хеле муфид буд. Ҳозирин аз баромади Сайҷалол Сатторов дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маълумоти пурра ба даст оварданд.
Раиси ташкилоти ибтидоӣ Абдухолиқ Шарифов дар баромадаш аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки онҳо аз ин ҷамъомад дар масълаҳои ҳалталаб ва ба ҳаёти ҳар як шахс дахлдошта , аз ҷумла пешниҳодҳои дар Паём баёнгардида, зарурат ва аҳамияти истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ, хатари афзояндаи терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва дигар падидаҳои номатлуб чун ҷаҳонишавии фарҳангҳо, маълумот пайдо намуданд.
Чунин миннатдорӣ барои ташкилу баргузории ҳамоиш аз тарафи дигар аъзои ташкилот низ баён карда шуд.
Дар доираи Аксияи ҳизбии “ Якҷоя ҳал мекунем” аз ҳисоби фаъолон ба китобхонаи муассисаи таълимӣ номгӯи гуногуни китобҳои дарсӣ ва бадеӣ туҳфа карда шуд.