БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Баҳри баланд бардоштани донишҳои сиёсии шаҳрвандон, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократӣ дар ташкилоти ибтидоии “Ҷантоқо”-и ҷамоати деҳоти Балҷувон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ багузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ Мирзозода Исуф раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок дошта, дар бораи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ суханронӣ намуданд.
Дар охир вобаста ба татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии
“Якҷоя ҳал мекунем!” як қатор корҳои ободонӣ роҳандозӣ гардид.