
ЁВОН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”.
Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва роҳандозии корҳои созандагию баргузорӣ дар ташкилоти ибтидоии “Тоҷиктелеком” вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба сиёсати хирадмандона ва сулҳҷуёнаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муборизаи иттилоотӣ бурдан бар зидди ташкилотҳои хусусияти ифротгароидошта, тарғиби Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ намуданд.