
ДАНҒАРА. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти Себистон хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Дар он Каримов Пирмуҳаммад – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, оид ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, андешаронӣ кард.