БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗЕРИ ШИОРИ ҲХДТ САРҶАМЪ ШУДА, ВАТАН ОБОД МЕКУНЕМ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб барои расонидани муҳимтарин масъалаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қишрҳои гуногуни ҷомеа суҳбату мулоқотҳо доир гардида истодаанд.

Вобаста ба ин дар маҳаллаи Ҷаббор Расулов маҷлис баргузор гардид.

Дар маҷлис Фирӯзи Саидмӯъмин намояндаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ баромад намуда, қайд кард, ки фаъолияти ҳизби мо гуногунҷабҳа буда, дар марҳилаи имрӯзаи зиндагӣ ба мардум ва пеш аз ҳама ба аъзои ҳизбамон, таҳкими суботу амнияти комил, фаҳмондани моҳияти сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати мамлакат, ки аз ҷонбозиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян шудааст, ташкил медиҳад. Мавсуф дар идомаи суҳбат афзуд, ки пеш аз ҳама ҳадафи асосии ҳизб ин таъмини зиндагии шоиста ба ҳар сокини кишвар мебошад.

Дар ин миён сокинон баён намуданд, ки зери шиори ҲХДТ сарҷамъ шуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки худро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg