Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Ҳасораки ҷамоати деҳоти Даштиҷум атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Толибҷон Назарзода дар бораи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ суханронӣ намуд.
Мавсуф доир ба солҳои 2019-2021 эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ва маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода ибрози ақида намуда, ҳамагонро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ даъват кард.