КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Суғдиён” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маҷлис баргузор гардид.
Зимни маҷлис намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ иштирок ва баромад намуданд.
Масъулин баромад намуда, қайд карданд, ки сайёҳиро ҳамчун соҳаи муҳими иқтисодиёти кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назар гирифта, солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон доштанд. Cоҳаи туризм дар марҳилаи муосир яке аз рукнҳои ҷараёни ҳамгироии ҷаҳонӣ маҳсуб гардида, ба ҳайси яке аз бахшҳои муҳимми иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ имкон дорад рабитаҳои судманди байни кишварҳоро таъмин намояд. Ҷанбаи дуюми эъломияи солҳо – Рушди ҳунарҳои мардумӣ давоми мантиқии сайёҳӣ буда, заминаи пешрафти ояндадори дастэъҷоди мардуми ҳунарманди кишвар мегардад. Масъалаи рушди деҳот ҷанбаи дигар ба ҳисоб рафта, дар ин давра бояд деҳаҳо рушд карда, мардум ба зиндагии хубтару беҳтар ноил гарданд.
Дар ростои Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бошад, ба ду оилаи ниёзманд маводҳои хӯрокворӣ кӯмак расонида шуд.