БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАШЪАМАНДӢ ЯК ПАДИДАИ МАНФУРИ ОЛАМИ БАШАР АСТ!

АНДЕША. Нашъамандӣ танҳо мушкилии як кишвар нест. Ин масъала имрӯз ба мушкилоти умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон аъзои Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, барои бунёди ҷомеаи солим чандин созишнома ва протоколи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба имзо расонидааст, то ки доираи ҳамкориҳо бештар шавад. Мусаллам аст, ки шахси нашъаманд бемор асту узви ин ҷомеа ва дар байни мо зиндагӣ дорад ва ӯро ҷомеа бояд табобат кунад, то ба дигарон сироят накунад. Вақти  он расидааст, ки бояд дастаҷамъона алайҳӣ нашъаву нашъамандӣ муборизаро дар байни ҷомеаи кишвар пурзӯр намоем. Сабаб дар чист, ки инсоният рӯ ба нашъаву нашъамандӣ меорад? Бемории нашъамандӣ чандин омил дорад. Ин омилҳоро ба 2 гурӯҳ-объективӣ ва субъективӣ тақсим мекунем. Якум, таъсири муҳит ва омили субъективии хислати инсон аст. Аксари мубталоёни ин навъи беморӣ ё гумроҳ дар синӣ 14-18 солагӣ гирифтори ин маризи мешаванд. Волидайн сари вақт наметавонанд фарзандони хешро пешгирӣ кунанд ва аз роҳӣ бад баргардонанд. Паҳлӯи дигари масъала ин аст, ки нашъаҷалобон ва шахсони нашъаманд кӯшишу талош меварзанд, ки бозори нашъаро гарм созанд. Ҳар яки падару модаро зарур аст, ки барои фарзандонамон дар вақтҳои  холигии онҳоро бо варзиш ё дигар корҳои муҳим пур кунад, ба коре машғул дорад, то неруи ҷавонон ба корҳои созандагӣ сарф шавад. Дар амалӣ сохтани барномаи мубориза алайҳӣ нашъамандӣ ҳама қишрҳои ҷомеа бояд фаъолона кор намоянд. Ба хусус, ходимони дин бо истифода аз аҳкоми шариати ислом баҳрӣ солим ва беҳдошти ҷисму рӯҳӣ инсон, ки яке аз омилҳои пешрафти ҳар як ҷомеа ба шумор меравад, бояд назари хешро иброз дошта бошанд ва ба хотири баланд бардоштани сатҳӣ маърифатнокии мардум саҳм бигиранд. Зеро ки динӣ муқаддаси Ислом аст, ки 1400 сол муқаддам маводи мадҳушкунанда ва тиракунандаи ақлро ҳаром ҳукм карда буд. Дар сураи Зумар ояти 53 омадааст: «Бигӯ, эй бандагони ман, бар худ аз ҳад таҷовуз кардаед, аз раҳмати Худо ноумед нашавед! Ҳар оина Худо ҳамаи гуноҳонро як ҷо меомӯзад: ба рости, ки ӯ ҳамоно омӯзгори меҳрубон аст». Яъне, ин гуфтаҳо исботи онанд, ки ҳар нафаре фирефта шудаву роҳӣ хаторо дар ҳаёти худ интихоб намуда ва пас аз дарки он аз карда пушаймон гаштаву аз амалӣ худ даст кашида тавба намояд, Худованд гуноҳҳояшро меомӯзад ва мебахшад». Дар динӣ мубини Ислом ҳама он амалҳое, ки бар зарари инсон асту таъсири манфӣ мерасонад, вобаста ба таъсирашон ҳаром дониста мешавад. Дар Қуръони Карим, дар ояти 88-и сураи моида омадааст, ки: «Ҳар чизи ҳалолу покизае, ки ба Шумо рӯзи додааст, ва аз он чизе, ки Шумо имон овардаед, амал кунед ва он чизе, ки Худованд манъ кардааст, парҳез кунед» ва доир ба маводи мухаддир ва зиёни он, дар ҳамин сура омадааст: «Эй муъминон! дури ҷӯед, аз ҳаром ва қимор ва аз амалҳои ботил». Он чизе, ки масткунанда асту ақли инсонро мекоҳонад ва имонро заиф мегардонад ва ба амалҳои ношоиста даст мезанад, Худованди Карим амр кардааст, ки ин амалҳо кирдори шайтон аст ва аз он канорҷӯи кунед.

Заҳролудшавӣ аз маводи мухаддир якчанд намуд аст. Худи маводи нашъавор ба чанд навъ тақсим мешавад. Яке аз навъӣ он  хотира ва зеҳни инсонро комилан заиф мегардонад, навъӣ дигари он одамро куллан мадҳуш месозад. Зарари асосии маводи нашъаовар хароб кардани асаб ё мағзи сари одам аст. Зиёни дигар банд ё маҳкам шудани узвҳои нафаскашии инсон аст. Ҳамин тариқ яке аз сабабҳо, ба монанди кунҷкобӣ, майли эҳсосҳои нав, тарзи аз «гурӯҳ» берун мондан, кӯшиши гурез аз ҳаёти воқеъӣ наврасонро ба истифодаи маводи мухаддир водор менамояд. Аксари вақт онҳо намефаҳманд, ки истифодаи маводи мухаддир шӯхи набуда, бемории ҷиддиест, ки халоси аз он ба марғ ё ин, ки душвор ва гоҳо имконнопазир аст. Организми инсон ба маводи мухаддир чунон одат мекунад, ки ӯ дигар бе истифодаи он зиндагӣ карда наметавонад, дар истеъмоли навбатӣ барои бадаст овардани натиҷаи дилхоҳ ва зиёд кардани миқдори он даст мезанад. Қатъ намудани истеъмоли маводи мухаддир боиси пайдоиши ҳолати пуразоб мегардад, ки он «хумор» ном гирифта, рагкашӣ, дардҳои шадиди мушакҳо, дилбеҳазуршавӣ, дарди шикам дарунравӣ ва ғайра мебошад. Тамоми фикру мақсад ва орзуи нашъманд ба чӣ тавр дастрас кардан ва истеъмол намудани маводи мухаддир равона мегардад. Ҳамин тавр, инсон ҳам ҷисман ва ҳам фикран ғуломи маводи мухаддир мешавад.

Пеш аз он, ки ба кори дӯсдоштаи фарзанди худ бо сабабҳои камбудии молиявӣ, набудани вақт ва ё хоҳиш рад мекунед, фикр кунед, ки дар оянда ҳангоми интихоби касб дониш ва малакаи ӯ лозим хоҳад шуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, соли 1999 Маҷлиси Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»-ро қабул кард. Қадами ҷиддии дигар дар ин самт ба имзо расонидани Фармони Президенти кишвар «Дар бораи таъсис додани Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор» аст, ки аз 1-апрели соли 2004 ба имзо расидааст ва аз 26 декабри соли 2013 лоиҳаи навӣ чорабиниҳои пешгирӣ аз суйистеъмоли маводи нашъадор барои солҳои 2013-2020-ум қабул карда шуд. Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчӣ ва амалкунандаи конвенсияҳои Созмони Миллали Мутаҳид дар самти назорати маводи нашъаовар буда, чорабиниҳои дар конвенсияҳои мазкур нишондодаро иҷро менамояд. Стратегияи самтҳои асосии сиёсати давлатии зидди мухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати бунёдӣ оид ба нақшагирии чораҳои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ дар кишвар ба шумор меравад. Ин ҳуҷҷати асосии ҳамкориҳои самараноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои таъмини амнияти шахсӣ, ҷомеа ва давлат мебошад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки мо марҳилаи аввали пешгирии нашъамандиро гузаштем. Омӯзиши афкори умумӣ нишон медиҳад, ки сатҳӣ маърифатнокии мардум оид ба оқибатҳои ҳуқуқӣ ва тибиию иҷтимоии муносибати ғайриқонунӣ бо маводи нашъаовар хеле боло рафтааст.    

Шеров Сунатулло, мудири шуъбаи таблоғот,  иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg