МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Балхобӣ» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Намояндагони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар суханронии худ зикр намуданд, ки Паёми Пешвои миллат фарогири тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифта, бо пешниҳоди Роҳбари давлат солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд. Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат кӯшиш намоем.