ПАНҶ.Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Баргузор намудани чорабиниҳои сиёсӣ, ки дар деҳаву маҳаллаҳои ҷамоатҳои деҳот бо мардуми маҳал гузаронида мешаванд, боиси оммавигардонии иҷрои дастуру супоришҳои давлату ҳукумат ва махсусан Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардида, сокинон бошанд онро бо хушнудӣ қабул менамоянд. Чунин як мулоқоти судманд бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Лолазор”-и ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов доир гардид.
Файзизода Каримҷон оид ба Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуд.
Дар охир раиси ташкилоти ибтидоии Лолазор Неъмонов Сайумар қайд намуд, ки миллати тоҷик созанда ва бунёдкор аст, бинобар ин дастаҷаъмона барои амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар корҳои ободонию бунёдкорӣ талош менамоянд.