НОРАК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Боғи анор” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур намояндагони Кумитаи иҷрояи шаҳрӣ иштирок намуда, оид ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ суханронӣ намуданд.
Баъдан дар дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” иштирокдорон дар дохили боғ гирду атрофи дарахтонро аз алафҳои бегона тоза намуда, бехи онҳоро нарм карданд.