НОРАК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Кибил” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Муслима Ғуриева корманди масъули кумитаи иҷроияи шаҳрӣ оид ба дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ андешаронӣ намуд.
Мавсуф зимни баромади хеш қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар гардидани вазъ дар самтҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намуда, ислоҳот ва навсозиро босуръат пеш бурда истодааст.
Баъдан дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” иштирокдорон ба тоза намудани ҷӯйборҳои обгузар ва гирду атрофи хонаҳои истиқоматиро аз партовҳо тоза намуда, ба тартиб дароварданд.