ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии « Талбак Садриддинов»-и ноҳияи Шаҳритуз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб оид ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ фикру мулоҳизаронӣ намуда, сокинонро ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ раҳнамоӣ карданд.