ВАХШ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар маҳаллаи Мардатсойи ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳия доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Нахуст намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар бораи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб андешаҳои хешро баён карда, аз ҷамъомадагон ҷиҳати саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ даъват ба амал оварданд.
Дардоираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони як адад бунгоҳи тиббӣ бо тариқи ҳашар идома дошта, дар рӯзҳои наздик ин бугоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.