ВОСЕЪ. Сокинони меҳнатдȳсти ноҳияи Восеъ дар Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» фаъолона иштирок намуда истодаанд.
Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии «Шобика»-и ҷамоат деҳоти Тугарак татбиқи Акисяи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва фаъолони ташкилоти ибтидоии мазкур баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории Аксияи зикргардида ин саҳм гузоштан дар ободонию бунёдкориҳои маҳалаи худ ва ҳамзамон сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар якҷоягӣ бо сокинони ташкилоти ибтидоии «Шобика» роҳҳои байни маҳаларо аз хасу партовҳо тоза намуда, дар ду тарафи роҳ барои зебо гардонидани маҳалла дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинониданд.