Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Назарбойи ҷамоати деҳоти Чагам тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва дастуру супоришҳои мақомоти болои ҳизбӣ баҳри расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд.
Вохӯриро Неъматов Абдуҷаббор мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кушода, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», рушди ҳунарҳои мардумӣ, афзоиш додани корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани обу замин, истеҳсоли меваю сабзавоти тару тоза ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуд.