БОХТАР.Тибқи нақша- чорабиниҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи шаҳр» вохӯрии кормандони ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо занон Ҳакимова Волида ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Шукронаи Нуруллозода, раиси ташкилоти ибтидоӣ Назаров Файзалӣ иштирок ва суханронӣ доштанд.
Мудири шуъбаи занон Ҳакимова Волида доир ба иҷроиши қонунҳо «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар пешгирии паҳншавии бемориҳои гуногун саҳми кормандони соҳаи тиб хело калон арзёбӣ намуд. Шумо аъзои ҳизб- кормандони соҳаи тиб дар амал татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон беҳдошти солимии аҳолӣ метавонед саҳмгузорӣ намоед.
Дар охир, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи шаҳр» сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Бохтар Файзалӣ Назаров ба сухан баромада, доир ба мавқеи ҲХДТ дар ҳаёти имрӯзаи ҷомеа фикрҳои худро баён намуд.