Н.ХУСРАВ. Вобаста ба иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав оид ба татбиқи қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвонии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо иштироки фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилотҳои ибтидоии ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Носири Хусрав, ки роҳҳои байни деҳаҳо солҳои зиёд рӯи таъмирро надида буданд, ба пуррагӣ сангфарш карда шуданд.
Сокинони деҳаҳо аз ташаббуси ватандӯстонаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб миннатдор буда, бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро карда, дар корҳои ободониву созандагӣ, тоза кардани каналу заҳбурҳоро идома дода, истодаанд.