ПАНҶ. Дар маҳаллаи ба номи Меҳрубон Ҳасани ҷамоати шаҳраки Панҷ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии маҳал чорабинии сиёсӣ роҳандозӣ гардид.
Ба ҳайати масъулони Кумитаи иҷроия Атаввуллоева Зебунисо- мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия, Ғафуров Сайдамир – мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот ва Ҳасанова Нигора – мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ шомил буданд.
Нахуст, Атавуллоева Зебунисо чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба дастуру супоришҳое, ки аз Паёми ояндасози Пешвои миллат бармеояд ва вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳизбиён сухан карда, қайд намуд, ки мо вазифадорем, ки дар амалӣ гардидани ҳамаи он ҳадафҳои неку созандаи Пешвои миллат иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷаъмӣ ва масулияти баланди ташаббускорӣ дошта бошем. Баъдан оид ба Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сухан намуда, дар баробари ин оиди тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ибрози андеша намуд.
Чунин вохӯриву мулоқотҳои пурмуҳтаво дар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Панҷ бомаром идома доранд.