БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ дар татбиқи амалҳои созанда пешсафу роҳнамост!

ЛЕВАКАНТ. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» тибқи нақша- чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Левакант  дар деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо иштироки васеи сокинони деҳот, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан”  корҳои созандагию ободонӣ баргузор гардид.                   

Инчунин,  дар корҳои созандагӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Шаҳло Шомудинова ва  Ризомова Гуландом роҳбари  намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант  иштирок дошта, дар тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо саҳми хешро гузоштанд.

Тоза кардани ҷӯйу заҳбурҳо таъмиру азнавсозии роҳҳои маҳалли яке аз мақсадҳои дигари мо ҳизбиён мебошад, ки бешубҳа барои муҳайё сохтани шароити беҳтару хубтари зиндагӣ ба аҳолии деҳот равона гардидааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg