БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон биҳишти кашфношуда дар рӯи замин аст

ДӮСТӢ. Бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ  дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи №1»-и ҷамоати шаҳраки 20 солагии Истиқлолияти давлати  бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  корҳои ободонӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинии ҳизбӣ корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ ташкил карда шуда, аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда  ба шинонидани гулҳои ороишӣ,  ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда ва нармкунии бехи дарахтон иштироки фаъолона дошта,  баҳри сарсабз гардонидани як гӯшаи диёр ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни пурифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштанд.

Дар рафти  корҳои кабудизоркунию  созандагӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок дошта,  аз аъзои  ташкилоти ибтидоӣ барои саҳм гузоштан дар  корҳои ободонӣ изҳори сипос намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg